Arzon admin
Дар Рӯзи дониш 11 мактаббачаро барои бадмастӣ боздошт карданд
765

Ба маю шароб дил бастани ноболиғон падидаи номатлубест, ки оқибатҳои нохушро ба бор оварда метавонад. Дар Рӯзи дониш кормандони милитсия як гурӯҳ мактаббачагонро дар ҳолати мастӣ боздошт намудаанд. Дар ин бора Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

“Рӯзи 1-уми сентябр кормандони милитсияи шаҳри Душанбе 11 нафар хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11-и МТМУ №56-и ноҳияи Синоро, ки дар Рӯзи дониш дар тарабхонаи "Роҳат" зиёфат ташкил карда, машруботи сипиртӣ нӯшидан буданд, дар ҳолати мастӣ боздошт карданд”,- омадааст дар хабар.

Тавре манбаъ менависад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни 11 нафар хонандагон ва маъмурияти тарабхона протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Падару модаронро лозим аст, ки ба тарбияи фарзандони худ диққати ҷиддӣ дода, ҳар як қадами кӯдакону наврасонро зери назорати қатъӣ бигиранд, зеро фориғболии волидон метавонад боиси ба роҳи хато рафтани насли ҷавон гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД