35 years of independency
Дар рӯзи 1-уми сентябр як хонанда бо корд ба омӯзгор ҳамла кардааст
02.09.2026
Oila.tj
230

Рӯзи 1-уми сентябр дар мактаби №2-и шаҳри Кански вилояти Красноярски Русия рӯй воқеаи нохуш рӯй дода, дар рафти чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш як хонандаи синфи 7 ба омӯзгор ҳамла кардааст.

Тавре расонаҳои русӣ навиштаанд, хонандаи ба муаллим ҳамлакарда духтар буда, аввал ба сӯйи омӯзгор аз баллончаи газӣ дору пошидааст ва сипас кӯшиш кардааст, ки муаллимро бо корд занад. Гуфта мешавад, ки яке аз волидони хонандагон сари вақт ба имдоди муаллим расида, духтарро аз синф берун кардааст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса духтар дар дасташ як шиша моеъи сӯзанда доштааст ва кӯшиши истифода бурдани онро кардааст, вале ба ин кор имкон наёфтааст.

Дар пайи ин рӯйдоди нохуш чорабинии идона дар мактаб қатъ гашта, мақомоти дахлдор фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.

“Бар асари пошидани газ 7 нафар, аз ҷумла 5 кӯдак ва 2 калонсол ба бемористон муроҷиат кардаанд. Ба онҳо ёрии зарурӣ расонида шуда, баъдан барои табобати амбулаторӣ ҷавоб дода шудаанд”,- омадааст дар хабар.

Айни замон хонандаи мактаб барои ҳамла ба омӯзгор боздошт шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД