arzon replenishment
Дар Русия зан доштани падарамро ба модарам гӯям ё не?
18.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1378

Салом! Ман ҷавони 17-сола ҳастам ва мехоҳам дар як масъалаи муҳим аз шумо маслиҳат бипурсам.

Падару модарам дар бисоташон ҳамагӣ ду фарзанд доранд-ман ва додарам. Ки дар синфи 5 мехонад. Онҳо 13 сол азоби бефарзандӣ кашида, баъди дари даҳҳо муллову табибу духтарро кӯфтан нахли умрашон бор овардааст. Худованд падару модарамро ноумед насохта баъди солҳои зиёд барояшон фарзанд ато карда бошад ҳам, модарам дар 13-соли бефарзандӣ аз ғаму ғуссаи зиёд ба бемории дил гирифтор шудааст. Саломатии модарам хуб нест, аз ҳамин хотир ман қарор додам як рози ниҳонии оилаамонро ба шумо гуфта, маслиҳат пурсам. Гап дар сари он аст, ки падари ман низ мисли ҳазорон мардони тоҷик муҳоҷир аст. Дар Сибир кор мекунад ва дар як сол танҳо як маротиба ба Тоҷикистон меояду як моҳ истода меравад. Дафъаи охир маро низ бо худ ба Русия бурда, дар назди як устои мошин, ки дӯсташ будааст, шогирд монд. Аҷибаш он буд, ки мани бори аввал ба Русия сафар карда бо устодам дар як квартира зиндагӣ мекардаму падарам дар ҷои дигар мезист. Гумон доштам, ки мисли дигар муҳоҷирон падарам бо гурӯҳи мардҳо зиндагӣ мекунад ва як рӯз кофта-кофта ба хонааш рафтам, вале дарро ба рӯям як духтари ҷавони рус кушода пурсид: “Вам кого?!”.

Дар ҳайрат монда, чи гуфтанамро намедонистам. Ҳамин вақт падарам ба долон баромад ва маро дида норозиёна ба сарам дӯғ зад: “Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?!”.

Гуфтам, ки шуморо ёд кардам, барои ҳамин хабаргирӣ омадам, вале падарам ба ҷойи хурсанд шудан бо қошу қавоқи овезон фармуд, ки ба ҷойи корам равам, вай аз пасам расида меояд. Ранҷида гуфтам: “Магар ман роҳзан ё дуздам, ки маро ба хонаатон роҳ намедиҳед?!” Падарам аз якравии ман асабӣ шуда “эй бача, аз кай боз ту ба ман гап мегардондагӣ шудаӣ?! Ба корат рав гуфтам, рав!” гӯён, аз дами дар гуселам кард. Бо табъи хира ба ҷойи корам омадам. Устодам сабаби асабониятамро пурсид. Ҳодисаи шударо нақл кардам. “Бачаи нодон, ҳамон духтари рус зани падарат аст”,- гуфт устодам.

Ин гапро шунида, ҳуш аз сарам парид. Боварам намеомад, ки падарам ба модарам, ки ӯро аз ҷонаш бештар дӯст медорад, хиёнатк арда, дар болояш зан гирифтааст. Ба гуфти устодам падарам аз зани русаш як духтарча низ доштааст.

Аз тарси он ки сирру асорашро фош мекунам, як ҳафта пас падарам билет харида маро ба Тоҷикистон гусел кард, вале аз рӯзе, ки омадам, худамро дарун ба дарун хӯрда гаштаам, ки дар Русия зан доштани падарамро ба модарам гӯям ё не. Модарам бисёр зани бадрашк аст, фаҳмад, ки шавҳараш зан гирифтааст, дарҳол билет харида ба Русия парвоз мекунад ва қиёматро қоим карда, падари бевафою занбозамро шарманда месозад.

Ҳайронам, ки чи кор кунам. Модарам касалии дил дорад, агар зан доштани падарамро гӯям, метарсам, ки аз рашк ва дарду алам ҳолаш бад шуда, ба инфарк ё инсулт гирифтор нашавад. Аз тарафи дигар, ягон сир то абад пинҳон намемонад. Модарам аз ягон каси дигар фаҳмад, ки падарам зан доштааст ва ман инро медонистаму ба вай нагуфтаам, ҳаргиз маро намебахшад. Ба чашмони модарам нигоҳ карда наметавонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

А. Ш. аз ноҳияи Рӯдакӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД