Хабарҳои пурҳангома дар боби он ки аксари ҷиноятҳоро дар Русия маҳз муҳоҷирони меҳнатӣ содир мекунанд, чандон асос надоштаанд.
Тавре котиби Шӯрои амнияти миллии Русия Сергей Шойгу гуфтааст, танҳо 2%-и шумораи умумии ҷиноятҳои содиршуда ба шаҳрвандони хориҷӣ рост меояд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Дар Федератсияи Русия айни замон 6,3 миллион шаҳрванди хориҷӣ умр ба сар мебаранд, ки нисбат ба соли гузашта 400 ҳазор нафар бештар аст, аммо шумораи ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон бетағйир монда, 38,6 ҳазорро ташкил додааст.
Тавре Шойгу гуфтааст, соли 2024 тақрибан 1,5 ҳазор нафар бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз шаҳрвандии Федератсияи Русия маҳрум карда шудаанд. Дар маҷмуъ алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ 3,4 миллион протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Русия низ гуфта буд, ки соли 2024 ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ 0,9% коҳиш ёфта, ғоратгарӣ 27% ва дуздӣ 26% кам шудааст.