Тамошо кун ва тарзи рӯёниданашро бифаҳм!
-Вақте корфармо шартномаи меҳнатиро пешниҳод мекунад, имзо мекунам ва ҳатто намехонам, ки чӣ навишта шудааст...
-Дар бораи корти муҳоҷиратӣ чизе намедонам, чунки онро дар Хадамоти муҳоҷират дар Русия (ФМС) дуруст карда медиҳанд.
Ин порае аз андешаҳои муҳоҷиронест, ки дар фурӯдгоҳ интизори парвоз буданд. Мушкилоти аксари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар он аст, ки аз қонунгузории кишвари қабулкунанда огоҳӣ надоранд ва бо сабаби тахт накардани ҳуҷҷатҳои худ бо душвриҳои зиёде рӯ ба рӯ мегарданд. Ин мавзӯъ дар барномаи навбатии “Муҳоҷирати бехатар” баҳси доманадореро ба миён овард. Намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва дигар коршиносони масоили муҳоҷират дар барнома ба саволҳои сершумори тамошобинон посух гуфта, назари худро доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баён намуданд.
Суҳроб Тошев, директори генералии ҶДММ “Шариф асри нав” дар суҳбат қайд кард, ки гирифтани “патент”-иҷозаи кор бениҳоят муҳим буда, муҳоҷирон бояд тамоми ҳуҷатҳои худро ба расмият дароранд, то ки дар давоми кору фаъолияташон дар Русия монеаҳо пеш наоянд. Коршиносон мегӯяд, як нуқтаи муҳими дигарро бояд ҳар як муҳоҷир, махсусан муҳоҷиароне, ки бори аввал ба қаламрави Русия ворид мешаванд, дар ёд дшта бошанд, вақте ки дар дохили таёра ба онҳо корти муҳҷиратӣ медиҳанд, мақсади сафарро ҳатман кор-работа қайд кардан лозим аст, зеро дар сурати меҳмонӣ нишон додани ҳадафи сафар шумо наметавонед иҷозаи кор дар ин кишварро ба даст оваред.
Дар барнома ҳамчунин дар боби суғуртаи тиббӣ ва хизматрасониҳои тибии ройгон ба муҳоҷирон сухан рафта, коршиносони соҳа ба бисёр масъалаҳоимуҳим равшанӣ меанозанд.
Мехоҳед дар бораи манъи вуруд доштан ё надоштанатон маълумот бигиред?
Шуморо дар мулки бегона фиреб карда, музди меҳнататонро надоданд?
Оё медонед, ки дар ин ҳолат ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст?
Афтодан ба ғуломӣ яке аз хатарҳои асосии муҳоҷират мебошад. Оё медонед, ки дар ҳолати дучор шудан ба савдои одамон ва афтодан ба ғуломӣ чи бояд кард?
Ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб гирифтан хоҳед, ҳатман ин барномаро тамошо кунед!
Коршиносон масоили муҳоҷират маслаҳитҳои судманде медиҳанд, ки сари ҳар қадам ба шумо зарур мешаванд!