Модарам Хосият баъди сари падарам ҳамроҳи дугонааш Ҳанифа ба Русия мардикорӣ рафт, то зиндагии мо, фарзандонашро таъмин намояд. Гоҳ-гоҳ занг зада мегуфт, ки дар тарабхонаи бонуфузе кор мекунад.
Ман, ки писари калонӣ будам, бо пули фиристодаи модарам барои додару хоҳаронам сару либос ва дигар лавозимоти заруриро харида, зиндагиро пеш мебурдам. Бибиамон моро нигоҳубин мекард. Як сол аз байн гузашт, вале модарам ҳамоно баргаштанӣ набуд. Гиряву зорӣ мекардем, ки ақаллан барои ду-се моҳ ба Ватан ояд, аммо модарам “ҷойи кори хубро аз даст медиҳам ” гӯён, розӣ намешуд. Баъди суҳбати охиринамон модарам якбора гумном шуда монд, на пул мефиристоду на занг мезад. Телефонаш ҳамеша хомӯш буд. Бибиам аз ғами модарам ба беморӣ печида, шабу рӯз гиря мекард. Дар ҳамон шабу рӯзҳои барои оилаи мо душвор дугонаи модарам Ҳанифа ба деҳа баргашт. Наздаш рафта модарамро пурсидем. Қошу қавоқ гиронда гуфт, ки байнашон ҷанҷол шудаасту модарамро аз ресторан пеш кардаанд, бинобар ин, дар куҷо будану чӣ кор карданашро намедонад. “Ман гумон доштам, ки Хосият кайҳо бар гаштааст ” гӯён Ҳанифа дарвозаашро ба рӯйи мо пӯшид. Бо шунидани ин хабар қариб девона шудам. Андешаи он, ки модарам дар шаҳри бегона танҳову зор чӣ кор мекунад, орому қарорро аз ман рабуд. Билохира дигар тоқат карда натавониста, мактабро партофтаму озими Русия гаштам, то модарамро ёбам. Як моҳ дар мулки бегона модар ҷустам, вале бефоида. Касе дар бораи модарам чизе намедонист. Дар кисаам дигар як пули пучак ҳам намонд. Барои аз гуруснагӣ намурдан ба мошиншӯӣ сар кардам.
Саша ном ҷавони рус қариб ҳар рӯз мошинашро наздам меовард, то бишӯям. Оҳиста- оҳиста бо ҳам дӯст шуда мондем. Ҷойи хоб надоштанамро фаҳмида Саша маро ба хонаашон бурда бо падару модараш шинос кард. Инсонҳои хуб буданд волидонаш, онҳоро маро мисли фарзанди худашон парасторӣ мекарданд. Як субҳ ҳамроҳи Саша ба кор рафта истода будем, ки ногоҳ чашмам ба гадозане афтид. Чеҳраи зан ким-чихел шинос намуду аз Саша хоҳиш кардам, ки мошинро дорад. Фаромадан баробар гадозанро шинохтам. Модарам буд он талбанда. Очаҷон гӯён наздаш рафтам ва модарамро ба оғӯш гирифта гиристам. Модарам маро дида аз шодӣ қариб беҳуш шуда буд. Бечора ба он хотир гадоӣ мекардааст, ки пули билети ҳавопайморо ҷамъ карда ба Ватан баргардад. Худо хоҳад роҳҳо кушода шавад, карантин бартараф гардад, бо кӯмаки волидони Саша рӯзҳои наздик ба хонаамон бармегардем.
Исҳоқҷон, аз Федератсияи Русия