Sebiston new 2024 october
Дар Русия боз як қонуни нав қабул мешавад?
676

Леонид Слутский дар якҷоягӣ бо як гурӯҳ депутатҳо аз ЛДПР ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонуни наверо пешниҳод кардаанд, ки бо худ ба Русия овардани аҳли хонаводаро ба муҳоҷирони меҳнатӣ манъ мекунад. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.

Лоиҳаи нави қонун, ки намояндагони ЛДПР ба Дума пешниҳод кардаанд, бо худ ба Русия овардани аҳли хонаводаи хешро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ ба Федератсияи Русия меоянд, манъ мекунад.

Муаллифони лоиҳа мегӯянд, гап дар бораи муҳоҷирони меҳнатие меравад, ки сатҳи тахассусашон чандон баланд нест ва дар асоси патент ё қарордод кор карда, бартарии дигари ҳуқуқӣ надоранд, яъне шаҳрвандии Федератсияи Русияро қабул накардаанд ё махсус барои кор даъват нашудаанд. Ин қонун ба мутахассисони баландихтисос, ки махсус барои кор кардан дар ин ё он соҳа ба Русия даъват шудаанд, дахл надорад.

“Аҳли оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ бояд муҳоҷирро дар хонаи худ дар ватанашон интизор шаванд. Аксари чунин оилаҳо баъди ба Русия омадан бо забони худашон гуфтугӯ намуда, ба фарҳанг ва маданияти мардуми маҳаллӣ эҳтиром намегузоранд. Оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз супурдани ҳаққи хизматрасониҳои комплекси манзилию коммуналӣ саркашӣ мекунанд ва дар натиҷа қарзи зиёде аз худ боқӣ мегузоранд, ки дигарон бояд онро пардохт намоянд. Манъ кардани бо худ ба Русия овардани аҳли оила ба муҳоҷирон чунин мушкилиҳоро аз байн мебарад. Муҳоҷир бояд худаш танҳо омада кор кунад ва боз ба ватанаш баргардад”,- гуфтааст муаллифи лоиҳаи қонуни нав Леонид Слутский ба РИА “Новости”.

Дар сурати аз ҷониби Думаи давлатии Россия қабул шудани ин қонун минбаъд муҳоҷирони меҳнатие, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ ё патент кор мекунанд, наметавонанд зану фарзандонашонро бо худ ба Русия баранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД