Дар Русия аз пагоҳ, 1-уми июл симкортҳои тамоми шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ баста шуда, онҳо имконияти ба ягон ҷо занг задан ва бо наздиконашон алоқа барқарор намуданро аз даст медиҳанд, агар маълумотҳои биометрии худро барои тасдиқ намудани шахсияташон пешниҳод насозанд.
Тасмими мазкур дар доираи қонуни наве, ки моҳи январи соли 2025 дар Федератсияи Русия қабул шуда буд, гирифта шудааст. Мувофиқи ин қонун пас аз 1-уми июли соли 2025 расонидани хизматрасонии мобилӣ ба шаҳрвандони хориҷие, ки маълумотҳои биометрии худро тасдиқ накардаанд, манъ аст.
Дар сурати мавҷуд набудани маълумот дар бораи гузаштан аз дактилоскопия, яъне ташхиси изи ангуштон дар реестри маълумотҳо дар бораи аҳолӣ симкорт ба таври автоматӣ хомӯш карда мешавад.
Барои аз алоқаи мобилӣ маҳрум нагаштан ҳар як муҳоҷир бояд то 1-уми июл симкорти нав гирад ё маълумотҳои биометрии худро ба ширкати мобилӣ пешниҳод карда, симкорти истифода мекардаашро барқарор намояд. Ба ғайр аз маълумотҳои биометрӣ барои барқарорсозии симкорт ҳамчунин СНИЛС, сабт дар портали Госуслуг, IMEI зарур аст.
Дар сурати анҷом надодани ин амалҳо кормандони ширкати мобилӣ симкортҳои муҳоҷиронро ба таври автоматӣ хомӯш ва хизматрасониро қатъ менамоянд.
Як шаҳрванди хориҷӣ акнун беш аз 10 симкортро истифода бурда наметавонад.