Arzon march 2024
Дар Рӯшон лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд
10.04.2025
Oila.tj
211

9-уми апрели соли 2025 соати 06:50 дақиқа дар километри 492-уми роҳи Душанбе - Ванҷ - Рӯшон - Хоруғ, ки аз қаламрави деҳаи Возванди ҷамоати деҳоти Муминшоҳ Абдулвосиев мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, барои роҳандозии корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳия ҷалб шудааст. Бар асари ин ҳодиса талафоти ҷонӣ нест. Роҳ муваққатан баста аст.

Кумитаи ҳолатҳои фаввқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шудааст, ки дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзҳои охир хатари лағзиши тарма, резиши санг ва ҳатто яхбандӣ дар навоҳии ВМКБ, кӯҳҳои водии Ҳисор, ҳамчунин роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб вуҷуд дорад.

Аз сокинон ва бахусус ронандагони мошинҳо хоҳиш карда шудааст, ки қоидаҳои бехатариро дар роҳҳо ҷиддан риоя кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД