Шӯрои уламои Россия ба мардони мусалмон иҷозат дод, ки то 4 зан бигиранд, ба шарте, ки адолатро риоя карда, бо ҳамаи ҳамсарони худ муносибати якхела дошта бошанд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
“Шӯрои уламои Раёсати идораи мусалмонони Россия ба мардони мусалмон иҷозат дод, ки бо бастани никоҳи динӣ то 4 зан бигиранд, албатта ба шарте, ки ҳамсарони худро баробар таъмин ва нигоҳубин намуда, адолатро риоя намоянд”,- гуфтааст муфтии Маскав Илдар Аляутдинов дар суҳбат бо РИА “Новости”.
Ин фатво рӯзи 18-уми декабр зимни ҷаласаи Шӯрои мусалмонони Россия дар масъалаи “ҳалли мушкили бисёрзанӣ дар байни мусалмонон” қабул карда шудааст.
Ҳамин тавр, мардони мусалмоне, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, ҳатто дар сурати зану фарзанд ва никоҳи расмӣ доштан, минбаъд метавонанд зани дуюм, сеюм ва ҳатто чорум бигиранд.
Муфтии Маскав дар идомаи суҳбат афзудааст, ки дар сурати фарзанд ба дунё оварда натавонистани ҳамсари қонуниаш, бемории зан, имкони таваллуд кардан надоштани зан бо сабаби боло рафтани синну солаш ва дигар мушкилоти оилавӣ мард метавонад бо никоҳи мусалмонӣ зани дигар бигирад. Шарти муҳимтарин барои чанд зан гирифтани мард риояи адолат дар байни занон мебошад.
"Мард вазифадор аст, ки аз нигоҳи иқтисодӣ ҳамаи ҳамсаронашро баробар таъмин ва нигоҳубин намояд. Марде, ки зани дуюм, сеюм ё чорум мегирад, бояд барои ҳар як занаш хонаи алоҳида бихарад ва вақташро дуруст тақсим намояд, то ягон зан аз меҳрубонии шавҳар бенасиб намонад. Дар сурати риоя накардан ба ин шартҳо мард ҳақи зани дигар гирифтан надорад”,- гуфтааст муфтӣ.
Дар хабар омадааст, ки пеш аз зангирӣ мард бояд зани қонуниашро аз мақсади худ огоҳ намояд ва бо кӣ издивоҷ намуданашро низ бигӯяд. Мард ҳуқуқ надорад, ки зани дигар гирифтанашро аз ҳамсараш пинҳон созад.
Муфтии Маскав таъкид кардааст, ки дар сурати пинҳонкорӣ, агар зан ба дузанагӣ, сезанагӣ ё чорзанагии шавҳараш розӣ набошад, ҳуқуқ дорад, ки талоқашро талаб намояд.
Марде, ки зани дуюм, сеюм ё чорум мегирад, вазифадор мегардад, ки фарзандони он занҳоро ҳамчун фарзанди худ қабул намуда, нигоҳубин кунад ва ҳатман мероси худро бо роҳи қонунӣ - нотариалӣ дар байни тамоми зану фарзандонаш тақсим намояд.