Ҳангоми аз шаҳри Кўлоб ба Душанбе сафари кўтоҳмуддат (як ё дурўза) доштан, намоз бояд чӣ гуна гузошта шавад? Қаср хондан зарураст ё ки намозро бояд пурра гузорам?
Иброҳим, ш. Кӯлоб.
Посухи дмулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Вақте ки шахсе аз маҳалли зисташ азми сафар кунад ва масофа то макони мақсудаш 120 км роҳ бошад, намозҳоро қаср мегузорад. Агар дар аснои сафар намози чаҳорракъатие қазо шуд, онро низ ба сурати қаср, яъне ду ракъат ба ҷо меорад.