Commerce bank may-june 2026
Дар Рашт бинои нави фурудгоҳ месозанд
23.07.2026
Oila.tj
36

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт сохтмони бинои нав оғоз гардид.

Тавре масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт зимни суҳбат бо хабарнигорон гуфтаанд, фурудгоҳи ноҳияи Рашт иншооти муҳими стратегии минтақа ба шумор рафта, бунёди бинои нави он дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, фароҳам овардани шароити муосири фаъолияти кормандон ва қабулу гусели мусофирон нақши асосӣ дорад.

Истифодаи технологияҳои муосир ва риояи меъёрҳои соҳавӣ дар сохтмони бино таъмин гардида, иншоот бо тамоми шароити зарурии хизматрасонӣ бунёд карда мешавад. Баъди ба истифода додани он имконоти фурудгоҳ васеъ гардида, барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, тақвияти робитаҳои нақлиётӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба ноҳияи Рашт заминаи мусоид фароҳам меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД