Formula novemver 2024
Дар рамазон гӯшти суғур хӯрдан равост?
24.04.2022
Оила
1615

Чанд вақт шуд, ки беморам. Дорӯвудармони фармудаи табибон ягон зарра мадад накарда истодааст. Ҳолам торафт бадтар шуда истодааст. Баъзе дӯстонам хӯрдани гӯшти суғурро ба ман тавсия дода истодаанд. Моҳи шарифи рамазон аст, агар гӯшти суғур хӯрам, убл намешавад? Умуман, гӯшти суғур ҳалол аст ё ҳаром?
Мавҷуда, ш. Душанбе


Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Хоҳари азиз Мавҷудабону! Рамазон моҳи мубораке аст, ки инсон худро аз тамоми гуноҳҳо пок месозад. Барои пок шудан танҳо рӯза гирифтан кифоя аст. Инсон бояд дар барбари рӯзаи моҳи шарифи рамазонро доштан бояд забони худро аз гуфтани суханони ноҷо, ғайбату бӯҳтон ва дашному ҳақорат пок бисозад ва фақат хӯрокҳои ҳалолро истеъмол намояд. Дини мубини ислом хӯрдани хокро манъ кардааст, суғур бошад, фақат хок мехӯрад.

Аз сабаби хок хӯрданаш гушти суғурро хӯрдан раво нест. Беморбошед ҳам, аз хӯрдани гӯшти суғур дар ин моҳи муборак худдорӣ намоед. Беҳтараш дуохонӣ кунед ва аз худванди бузург шифо талабед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД