Commerce bank may-june 2026
Дар Панҷакент як зан бо ду фарзандаш гум шудааст
476

Дар шаҳри Панҷакент як зан бо ду фарзанди хурдсолаш бедарак гаштааст.

Тибқи иттилои навори видеоии дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда, Зикруллоева Нилуфар, ки сокини деҳаи Мазори Шарифи Панҷакент мебошад, ҳамроҳи фарзандони хурдсолаш Дилшода ва Муҳаммад, ки яке 8-сола ва дигарӣ 6-сола мебошад, бедарак гаштаанд. Дар навор гуфта мешавад, ки охирин маротиба онҳоро дар нуқтаи сарҳадии Панҷакент дидаанд ва гӯё бо сабаби ба охир расидани муҳлати ҳуҷҷатҳои фарзандонаш сарҳадбонон ба онҳо иҷозат надодаанд, ки аз марз гузаранд.

Шавҳар ва пайвандонаш дар ҷустуҷӯи Нилуфар ва бачаҳояш буда, аз шахсоне, ки ин зан ва кӯдаконашро дар ягон ҷо дидаанд ё дар бораи онҳо маълумоте доранд, хоҳиш мекунанд, ки ба рақамҳои +992 92 633 53 81 занг зананд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД