1xbet
Дар Панҷакент корхонаи истеҳсоли сурма бунёд меёбад
118

Дар ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент дар заминаи захираҳои маъдан корхонаи истеҳсоли сурма бунёд меёбад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар додаанд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Канзи диёр», ки ба бунёди инфрасохтори корхонаи ояндаи саноати кӯҳӣ машғул мебошад, бо мақсади бунёди корхонаи истеҳсоли сурма аз деҳаи Оби борик то мавзеи Эҷам ба масофаи 14 километр роҳ кушода, онро қумпӯш кардааст. Дар мавзеи Валанги дароз аз ҷониби мутахассисони ватанӣ ва шарикони рушд бозбинии захираҳои маъдани сурма, ки солҳои қаблӣ геологҳо кашф карда буданд, идома дорад.

Сохтмони ду шаҳрак барои кормандони муҳандисӣ-техникӣ ва коргарони коргоҳи оянда, ки дорои 300 ҷой мебошад, бо истифода аз масолеҳи ҳозиразамони бинокорӣ идома дошта, дар онҳо барои будубош тамоми шароити лозима муҳайё карда мешавад.

Барои кашидани хати барқ ва таъминот бо оби нӯшокӣ низ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Баъди ба истифода додани ин коргоҳ ташкили беш аз ҳазор ҷойи нави кор барои мутахассисон ва коргарон дар назар дошта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД