Arzon march 2024
Дар Панҷакент 5 мактаби нав месозанд
207

Дар Панҷакент бо истифода аз тамоми воситаҳои маблағгузорӣ 5 мактаби нави замонавӣ бунёд хоҳад гашт. Аз ҷумла дар деҳаи Боғчаи ҷамоати деҳоти Шинг ва деҳаи Некноти нави ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ мактабҳои нави ба талаботи замона ҷавобгӯй сохта ба истифода дода мешаванд.

Дар баробари сохтани муассисаҳои нави таълимӣ ҳамчунин бунёди 115 синфхонаи иловагӣ бо 2875 ҷойи нишаст бомаром идома дорад.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо ҷараёни бунёди таълимгоҳ аз ҷониби бинокорони ширкати сохтмонии «Су-3» шинос шуда, ҷиҳати дар муҳлати муқаррагашта бо сифати хуб анҷом додани сохтмон дастуру супоришҳо додааст.

Гуфта мешавад, ки дар деҳаи Боғчаи ҷамоати деҳоти Шинг низ сохтмони бинои муассисаи таълимӣ барои 240 ҷой дар як баст идома дорад. Раиси шаҳр ҳамчунин бо корҳои омодагӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №109-и деҳаи Некноти нави ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ва сохтмони майдончаи замонавии варзишӣ дар назди он, ки бо саҳми сокинони деҳа бунёд мешавад, шинос гашта, дастур додаааст, ки мактаб то оғози соли нави таҳсил ба истифода дода шавад.

Дар ин хусус “Ховар” дар такя ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД