Ҳусноро ҳангоме ба синфи ҳаштум гузашт, дар мактабу маҳалла ҳама ӯро духтари хушрӯйтарини қишлоқ гуфта, таъриф мекарданд. Бачаҳо мафтуни ҳусну ҷамоли вай буданд.
Падару модараш аз чашми ҳамсояҳо тарсида, маслиҳат карданд, ки ӯро баъди хатми синфи нуҳ аз мактаб мегиранд ва ҳамин тавр ҳам карданд.
-Духтарам, ту қадрас шудаӣ. Дар ҳама ҷо фақат гапи туро мезананд. Метарсам, ки чашми мардум кадом рӯз туро мегирад,-гуфт модараш.
-Ҳамин модарат то синфи ҳафт хонд ва дигар мактабро ба калла нагирифт. Духтар хонда чӣ мешавад?-насиҳат кард ӯро падар.
Баъди аз баҳри мактаб гузаштан, хостгорон дари хонаи онҳоро охурча карданд, аммо модараш “ҳоло духтарам хурд аст ва ман ӯро ба шавҳар намедиҳам” мегуфт.
Як гулу сад харидор
Духтарони ҳамсоли ӯ мактабро хатм карда, як-як ба шавҳар баромадан гирифтанд, аммо падару модари Ҳусноро ҳамоно мағрури ҳусну ҷамоли духтарашон шуда, талабгорони ӯро аз паси дар ноумед мегардонданд. Духтар дар қалб ҳазор орзую умед дар хона гӯё зиндонӣ буд. Ӯ ҳатто ба тӯйи дугонаҳояш рафта наметавонист.
Солҳо мегузаштанд. Акнун хостгорони духтар мисли пештара ба хонадони онҳо намеомаданд. “Духтарашон шояд ягон айб дорад, ки падару модараш садди роҳи хушбахтии ӯ мешаванд” мегуфтанд одамон.
Пирдухтар
Ҳусноро ба синни бисту ҳафт расид. Ҳар вақте худро дар оина медид, ба доғҳои ҳар ҷо–ҳар ҷо пайдошудаи чеҳрааш нигариста, оҳи бо дард мекашид. Духтарро, ки солаш боло рафтан гирад, оҳиста- оҳиста таровати рӯяш аз байн меравад. Падару модари мағрур чун диданд, ки дигар касе ба суроғи духтарашон намеояд, дар синни сисолагӣ ӯро ба як марди панҷовупанҷсолаи занмурда бароварда доданд. Домоди онҳо аз зани аввалааш чор кӯдак дошт.
Ҳусноро вақте ба хонаи шавҳараш омад, ба зиндагии вазнине рӯ ба рӯ шуд. Кӯдакони мард бо ӯ унс намегирифтанд. Ҳарчанд онҳоро хуб нигоҳубин мекард, аммо фарзандони шавҳараш модари навашонро бад медиданд ва доим дар назди падарашон ӯро танқид мекарданд, ки ба онҳо аҳамият намедиҳад.
Нони шӯ арра дорад
Шавҳараш, ки кӯдаконашро беҳад дӯст медошт, ба Ҳусноро гапҳои пасту баланд мезад. Ҳамин хел дили ӯ аз шавҳараш монду ниҳоят аз вай ҷудо шуд ва дар синни сивупанҷсолагӣ бева монд. Модар ҳам аз тақдири бади духтараш дарун-дарун месӯхт.
-Ҳамааш аиби худам шуд. Кош дар ҳаждахсолагӣ ба шавҳар медодамаш,- мегуфт бо ҳасрат модараш.
Баъди такудавҳои зиёди модар як мӯйсафеди ҳафтодсола ба хонаашон хостгорӣ омад. Ҳусноро вақте мақсади мӯйсафедро фаҳмид, дуд аз димоғаш баромад.
-Мемураму ба ин мӯйсафеди ду пояш дар лаби гӯр ба шавҳар намебароям,- мегуфт ӯ.
Бахти дуюм – дарди сар
Ба пофишориҳои зиёди духтар аҳамият надода, онҳоро никоҳ карданд. Мӯйсафед соҳиби фарзанд ва як хона набера буд. Ҳусноро дар хонаи шавҳари нав ҳам модар буду ҳам келин ва ҳам бибию хушдоман. Дар ин ҷо касе барояш рӯзи хуш намедод. Ҳарчанд, субҳи солеҳ хеста, барои шавҳараш оби таҳорат омода мекарду хӯрокашро сари вақт ба пешаш мегузошт, боз ҳам гапшунави келину фарзандони мӯйсафед буд.
Вақте мӯйсафед аз дунё гузашт, фарзандони ӯ “дигар дар ин хона барои ту ҷой нест”,-гуфта, Ҳуснороро аз дар бароварда, пеш карданд. Ӯ боз гашта, ба хонаи волидойнаш омад. Агар он ҷо бегонаҳо азобаш медоданд, акнун дучори ғур ғури модару зуқ–зуқи янга ва бори таънаи ҷиянҳо монд. Намедонист, ки сари қоқашро ба куҷо занад. Бародараш ҳам акнун ӯро чашми дидан намекард ва бо ҳар баҳона кинояаш мезад. Яъне, аз борон гурехта, ба барф расид.
Чораи ягона
Духтари бетолеъ чораи ягонаро дар худкушӣ дид ва бо ҳамин мақсад ба болои пули калони мошингузари канори деҳа рафт. Чун ба дохили об нигарист, зиндагиаш чун лентаи кино пеши назар омад. Азиятҳои хонаву мушту шалоқи шавҳари аввал, неши забони келину фарзандони мӯйсафед ва ниҳоят ғубори янга оби чашмонашро ҷорӣ месохт. Ӯ дигар тоқат накарду худро ба поён ҳаво дод ...