gazprom august 2025
Дар Новосибирск муҳоҷирони тоҷикро аз хатарҳои экстремизм огоҳ карданд
76

Дар яке аз масҷидҳои шаҳри Новосибирски Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд, мулоқот доир гашта, дар рафти вохӯрӣ сухан дар боби хатарҳои муҳоҷират, махсусан терроризму экстремизм ва афтодан ба доми фиреби гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноӣ рафтааст.

Тавре аз намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти чорабинӣ ба муҳоҷирони тоҷик ҳамчунин доир ба муҳоҷирати бехатар, қонунҳои нави муҳоҷиратии Русия, вижагиҳои будубош дар ин кишвар ва бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармоён маълумоти муфассал дода шудааст.

Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сатҳи огоҳии муҳоҷирон дар бораи хатарҳои муҳоҷират ва ҷилавгирӣ аз шомил шудани онҳо ба амалҳои ғайриқонунӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД