Мутахассисони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар Норак ду макони нави бостоншиносиро муайян ва ёдгориҳои нави таърихиро пайдо кардаанд, ки ба асрҳои 7-8-и милод мутааллиқ мебошанд.
Ёдгории аввали таърихӣ 9 метр дарозӣ ва 3 метр бар дорад, дарозии дуюмӣ бошад, 6 метр буда, бараш 3 метр аст.
Таърихшиносон бар он назаранд, ки ин ёдгориҳо аз замони Буддоӣ боқӣ мондаанд.
Ёдгориҳои ёфтшуда бо услуби анъанавии меъмории миллӣ аз гаҷ дар шакли гунбазӣ сохта шудаанд.