Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик тақсими шоҳасари Абулқосим Фирдавсӣ - «Шоҳнома» оғоз гардид.
Ин туҳфаи арзишманди Сарвари давлат ба 19 ҳазор оилаи ноҳияи Темурмалик дастрас карда мешавад. Сокинони ноҳия иброз доштанд, ки чунин иқдом руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ аз таъриху фарҳанги ниёгонро боз ҳам баланд мебардорад.
Ёдовар мешавем, ки дар идомаи татбиқи ин ташаббус соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад. Ин озмун, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир мегардад, бо мақсади таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи осори адабии ниёгон ташкил карда мешавад. Сарпарасти озмун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои мукофотонидани ғолибон аз Фонди захиравии Президент 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.