Дар ноҳияи Спитамен беш аз 2000 нафар кӯдак ба кӯдакистон фаро гирифта шудаанд
179

Дар ноҳияи Спитамен 10 муассисаи таълимии томактабӣ фаъолият дошта, 2263 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ноҳия бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ кӯдакистони нав бунёд мегардад, ки дар он беш аз 200 нафар дӯстрӯякон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Инчунин, дар ҷамоати деҳоти Куруш низ корҳои сохтмонӣ дар бинои нави кӯдакистон идома дошта, ин муассиса барои 300 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар ҳар маҳали аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, як муассисаи томактабӣ бунёд намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД