Дар ноҳияи Сино 10 адад фурӯшгоҳҳои хурд бартараф карда шуданд
16.05.2025
Oila.tj
591

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз бартараф шудани чандин фурӯшгоҳҳои хурд дар ноҳияи Сино хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, аз ҷониби баъзе аз шаҳрвандон ғайриқонунӣ нуқтаҳои хурди хизматрасонӣ таъсис дода шуда, ба зебогии кӯчаҳои пойтахт ва сохтори биноҳо таъсири манфӣ мерасонанд.

Аз ҷумла, зимни санҷиш аз ҷониби нозирони минтақавии ШВКД-2 дар ноҳияи Сино 10 адад чунин фурӯшгоҳҳои хурд муайян карда шудаанд.

- Бо ҷалби нақлиёти махсус нуқтаҳои хурди фурӯшгоҳ бартараф карда шуда, нисбати соҳибмулкон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД