arzon replenishment
Дар ноҳияи Данғара гӯштини миллӣ баргузор мешавад
741

 

27-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи кушоди анъанавии ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) бо иштироки варзишгарони дохилию хориҷӣ аз рӯи се вазн - 65 кг, 86 кг ва +86 кг баргузор мегардад.

Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба корманди Федератсияи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ»-и Тоҷикистон хабар дод.

- Дар мусобиқа паҳлавонони тоҷик Шарифҷон Назриев, Хуршед Маҷидов, Ҳақназар Назаров, Фирдавс Насимов, Шакармаҳмад Мирмамадов, Умар Расулов, Улуғбек Раҳимов, Саидшоҳ Раҳматуллоев, Қоим Шукронов, Абубакр Боқиев, Хайрандеш Муродзода, Суҳроб Боқиев, Мирзоҷамил Рамазонов, Субҳиддин Халилзода, Ҳамроз Раҷабов, Додохон Қурбоналев, Суҳроб Муҳаммадиев, Фарзиншоҳ Ҳусейнов, Ғаниҷон Ғаниев, Саидмухтор Расулов, Наврӯзи Каримзод ва дигарон иштирок намуда, ба ҳарифонашон маҳорати олии варзишиашонро нишон медиҳанд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ғолибонро туҳфаҳои пулӣ интизор аст. Ба ғолибони ҷойи якуми мусобиқа 5000$, ҷойи дуюм 3000$ ва ҷойҳои сеюм 1500$ тақдим мешавад. Шуруъ аз даври дуюм ба ғолибони ҳар сабқат туҳфаи пулӣ тақдим мегардад.

Сарпарастони мусобиқа Клуби футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД