Дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «И. Латиф»-и деҳаи Талхачашмаи ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавсими пахтачинӣ оғоз гардид.
Масъулини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо раванди кишту парвариши пахта, ҳолати нашъунамои он ва омодагиҳои кишоварзон барои ҷамъоварии ҳосил шинос шуданд. Иброз гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои дастгирии кишоварзон, беҳтарсозии инфрасохтори истеҳсолӣ ва вусъати истифодаи технологияҳои муосир тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Зимни оғози мавсими пахтачинӣ иброз гардид, ки соли равон бинобар риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ ва шароити мусоиди иқлим ҳосили пахта назар ба солҳои гузашта бештар ба назар мерасад.
Ёдовар мешавем, ки имсол кишоварзони Тоҷикистон бо истифода аз тамоми имконот дар 182 ҳазору 466 гектар пунбадона кишт намудаанд, ки ба 97,6 фоизи дурнамо баробар мебошад.