1xbet
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи нав бунёд карда шуд
74

Дар ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳаи нав бо номи «Обшорон» бунёд карда шуд.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳия, сохтмони деҳа бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» амалӣ гардида, дар он дар марҳилаи аввал 10 хонаи нави истиқоматӣ сохта, ба ятимони кулл ва нимятимон тақдим гардидааст. Ин иқдом имконият фароҳам овардааст, ки қишри осебпазири ҷомеа соҳиби манзили муосир гардида, бо шароити арзандаи зиндагӣ таъмин шаванд.

Ҳамзамон, дар деҳаи нав муассисаи нави таълимӣ барои 134 хонанда ва бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Бунгоҳи тиббӣ аз чор утоқ иборат буда, бо таҷҳизоти зарурии муосир таъмин шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД