Arzon march 2024
Дар Наврӯзгоҳ консерти идона баргузор мешавад
307



Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва шаҳрдории пойтахт бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист имрӯз, 5 июн, соати 18:00 дар назди шаршараи «Наврӯзгоҳ» чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад.

Дар ин бора Ибодулло Сангов, корманди Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар дод.

Ҳамасола дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон тантанаҳои таблиғотию маърифатӣ ташкил гардида, ба ин васила мардум аз вазъи кунунии муҳити зист ва хатарҳои зиёновари экологии давлати худ ва ҷаҳон огоҳӣ пайдо менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар пойтахти кишвар аз намоиши маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи корхонаҳои саноатӣ оғоз гардида, дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, меҳмонони дохилию хориҷӣ ва сокинони мамлакат ширкат мекунанд.
Баргузории чунин чорабиниҳои экологӣ, пеш аз ҳама, бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти экологӣ дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон равона шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист бо ҷалби аҳолии кишвар, ба ҳалли бисёр масъалаҳои экологӣ ёрӣ мерасонад, зеро бо мақсади беҳдошти муҳити зист, аз ҷумла тоза кардани ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, соҳили дарёву каналҳо аз партовҳо, аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист пайваста аксияҳои экологӣ гузаронда мешаванд, ки дар он корхонаю муассисаҳо ва сокинони пойтахт ҷалб мегарданд.
“Чорабиниҳои экологӣ таваҷҷуҳи ҷавононро ба ҳалли масъалаҳои экологӣ бармеангезанд. Аз ин ҷост, ки хонандагону донишҷӯён дар рӯзи таҷлили муҳити зист бо пешниҳоди намунаҳои эҷодии худ омаданд. Тамошои маҳсули эҷодии онҳо вобаста ба масъалаҳои экологӣ диданӣ буд. Маҳз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар озмунҳои соҳавӣ иштирок варзида, бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз мешаванд”, - гуфт манбаъ.
Таъкид шуд, ки чорабинии экологӣ бо барномаи зебои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ идома меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД