Дар доираи амалисозии тарҳи “Барқрасонӣ ба деҳоти Тоҷикистон” дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин деҳоти дурдасти ноҳияи Мурғоб бо неруи барқ таъмин мегарданд.
Бино ба иттилои ширкати “Помир Энерҷӣ”, дар доираи лоиҳаи мазкур 62 деҳаи бебарқи минтақаҳои дурдасти ВМКБ бо барқи доимӣ таъмин мешаванд, ки аксарияти ин деҳаҳо дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҷойгиранд.
Гуфта мешавад, ки корҳо дар доираи амалисозии ин лоиҳа моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида, бояд то моҳи декабри соли 2025 пурра ба анҷом расанд.