1xbet
Дар Мурғоб корхонаи истеҳсоли ғизои моҳӣ бунёд карда мешавад
109

Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корхонаи истеҳсоли ғизои моҳӣ бунёд карда мешавад.

Корхонаи истеҳсолӣ дар деҳаи Аличор аз ҷониби соҳибкори ватанӣ марҳила ба марҳила сохта мешавад. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар марҳилаи якуми бунёди корхона 1 миллион сомониро ташкил дода, 15 ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад.

Роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо лоиҳаи сохтмони корхонаи истеҳсоли ғизои моҳӣ шинос гардида, ба масъулин дастур додаанд, ки барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд бунёд намудани корхона тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД