Commerce bank may-june 2026
Дар Мурғоб аввалин нерӯгоҳи бодӣ бунёд меёбад
75

Дар ноҳияи Мурғоби Бадахшон нахустин нерӯгоҳи бодӣ ба истифода дода мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, нерӯгоҳ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфта, иқтидори он 200 киловатт хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» амалӣ гардида истодааст, дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Мурғоб 22 нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 13 мегаватт сохта шудаанд. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ «Помир Энерҷӣ» тасмим гирифтааст боз 7 нерӯгоҳи нави офтобиро бо иқтидори умумии 540 киловатт ба истифода диҳад.

Татбиқи ин лоиҳа қадами муҳим дар роҳи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва дастгирии аҳолии минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД