Ман тоҷики самарқандиам ва чанд сол боз дар шаҳри Ростови лаби Дони Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорам. Фарзандон ва шавҳарам низ бо ман дар ин ҷо ҳастанд.
Баъзан, яке аз ҳаммилатонамон, ки аз Тоҷикистон асту зуд-зуд ба он ҷо сафар мекунад, ба мо шумораҳои дастраснамудаи ҳафтаномаи “Оила”-ро меорад ва ману се фарзандам, ки дар мактабҳои русӣ таҳсил мекунанд, онҳоро то даридани саҳифаҳо мутолиа мекунем. Зеро бо хондани ин ҳафтанома ману фарзандон забони тоҷикиамонро дар шакли адабӣ аз худ карданӣ ҳастем. Дар дохили оила низ, кӯшиш мекунем бо забони тоҷикӣ суҳбат кунем (ҳарчанд лаҳҷавӣ аст). Аммо ман дар ин шаҳр бо оилаҳои тоҷике, ки аз Тоҷикистон ба муҳоҷират омадаанд, вохӯрдам, ки дар оилаашон низ бо забони русӣ муошират мекунанд. Онҳо намефаҳманд, ки пас аз чанд сол кӯдаконашон пурра забони модарии худро фаромӯш хоҳанд кард. Он гоҳ, барои забономӯзӣ дер мешавад. Вақте ин эроди худро ба як зани тоҷикистонӣ гуфтам, ӯ дар ҷавоб гуфт:
- Хайр чӣ шудааст? Пусть изучают дома русский досконально. Зато, дар мактаб азоб намекашанд.
Дар мактаб азоб намекашанду оё виҷдонашон мебардошта бошад, ки забони модарии худашонро дар мулки бегона аз даст диҳанд?
Бо эҳтироми хоса, Мавҷуда ИМОМХОҶАЕВА,
ш. Ростови лаби Дон