goodwell
Дар Муминобод Маркази дастгирии занони ҳунарманд «Чирадаст» таъсис ёфт
27.07.2026
Оила
48

Гулбарг Боқиева, як соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати Чорсӯи ноҳияи Муминобод бо маблағи гранти президентӣ, ки тавассути Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намудааст, Маркази дастгирии занони ҳунарманд «Чирадаст»-ро таъсис додааст. Дар маркази мазкур занону духтарони маҳаллӣ нозукиҳои ҳунарҳои мардумиро меомӯзанд.

Тавре Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, рушди ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, барои ҳифзи фарҳанги миллӣ, фароҳам овардани ҷойи нави кор ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии занону духтарон аҳамияти калон дорад.

Ёдрас мешавем, ки бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 2006 ҳамасола барои бонувон грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд, ки ба фаъолияти босамари занон равона гардидаанд. Соли 2006 маблағи ин грантҳо 150 000 сомонӣ буд, вале тадриҷан зиёд шуда, соли 2025 ба 15 миллион сомонӣ расонида шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД