Аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Муъминобод бо гумони даст доштан дар ҷинояти дуздӣ шаҳрванд Тоҷиддини Сайвалӣ, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Муъминобод дастгир карда шудааст.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, муайян карда шудааст, ки боздоштшуда Тоҷиддини Сайвалӣ бо ҳамроҳии ҳаммаслакаш Баротов Амир Муродалиевич, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ки айни замон дар ҷустуҷӯ қарор дорад, шаби 29-уми декабри соли 2025 аз набудани атрофиён истифода намуда, вориди мағозаи хӯрокворӣ, ки ба Икромов Зоиршо тааллуқ дорад, гардида, аз он ҷо маблағҳои пулиро ба маблағи 60 000 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Айни ҳол дар шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Муъминобод нисбати номбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дастгиршуда Тоҷиддини Сайвалӣ дар ҳабси пешакӣ қарор ва тафтишот идома дорад.