Arzon march 2024
Дар моҳи шарифи Рамазон дуои киҳо мустаҷоб мегардад?
10.03.2025
Oila.tj
685

Салом! Мегӯянд, ки дар моҳи шарифи Рамазон Худованд тамоми дуоҳоро мустаҷоб мегардонад. Ин гап то куҷо ҳақиқатдорад? Одами зинокор ё дузд дар моҳи шарифи Рамазон тавба карда, рӯза гирад, дуояш мустаҷоб мегардад?

Н. Б.

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Дар ҳақиқат дуои одамони рӯзадор мустаҷоб мегардад, агар аз сидқи дил барои гуноҳҳои кардаи худ тавба намуда, омурзиш талабанд.

Дар китоби «Нурул воъизин» омадааст, ки ҳазрати Мӯсо (а) бо Худованд роз мегуфт ва дар муноҷоташ пурсид: «Илоҳӣ, Ту маро бо такаллум кардан бо худат иззат додӣ. Оё чунин иззатро ба дигарон ҳам додаӣ?». Худованд ба Мӯсо (а) ваҳй кард: “Ё Мӯсо (а), бидон, ки дар охирузамон ман бандагони рӯзадорамро дар моҳи Рамазон иззати зиёд мекунам. Вақте бо ту сухан мегӯям, миёни мо ҳафтод ҳазор парда аст. Вақте умматони Муҳаммад (с) рӯза мегиранд (аз гуруснагиву ташнагӣ), лабҳояшон хушк ва рангҳояшон зард мешавад, ман ҳиҷоб (парда)-ҳои худро дар вақти ифтор боло мекунам.

Худованд бузург аст ва тамоми гуноҳҳои бандагонашро дар ин моҳи муборак мебахшад. Пас навмед нашуда, сидқан дуо кардан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД