Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳолати ташкили фоҳишахона аз ҷониби як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷиро ошкор кардаанд.
Тибқи маълумоти Раёсати ВКД, шаҳрвандони яке аз кишварҳои хориҷӣ дар меҳмонхонаи «HULBUK PALACE», воқеъ дар кӯчаи Қ. Кироми ноҳияи Шоҳмансур маркази дилхушӣ ташкил карда, баъдан онро ба фоҳишахона табдил додаанд.
Гуфта мешавад, ки гумонбарон як гурӯҳ ҷавондухтарони шаҳрвандони хориҷиро ҷалб намуда, барои машғул шудан ба танфурӯшӣ бар ивази маблағ шароит фароҳам овардаанд.
Дар робита ба ин ҳолат нисбати гумонбари асосӣ бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон («Ташкил ё нигоҳ доштани фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ») парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Барои муайян ва дастгир намудани дигар ҳаммаслакони эҳтимолӣ чорабиниҳои оперативӣ идома доранд.
Ҳамчунин, нисбати 22 нафар ҷавондухтарон ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ин кирдор даст доранд, маводи маъмурӣ тартиб дода шуда, масъалаи ихроҷи онҳо аз ҳудуди Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
Раёсати ВКД аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки нисбат ба чунин ҳолатҳо бетараф набошанд ва дар ошкору пешгирии кирдорҳои ҷиноятӣ ба мақомоти милитсия мусоидат намоянд.