toyota motors
Дар мавриди кумаки ғизоии беморони саратонӣ симпозиум баргузор гардид
15.04.2026
Oila.tj
55

Дар доираи ҳамкориҳои судманди илмӣ ва амалӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии буҷетии федералии таҳсилоти иловагии касбӣ «Академияи тиббии Россия оид ба таҳсилоти пайвастаи касбӣ»-и Федератсияи Россия дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» симпозиуми илмӣ дар мавзуи «Омӯзиши кумаки ғизоии беморони саратонӣ ва ҳолатҳои интенсивӣ» баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ», профессори кафедраи анестезиология ва тиби таъҷилии Муассисаи давлатии буҷетии федералии таҳсилоти иловагии касбӣ «Академияи тиббии Россия оид ба таҳсилоти пайвастаи касбӣ»-и Федератсияи Россия Александр Ефимович Шестопалов, доктори илмҳои тиб ва ҳамзамон 15 нафар табиби саратоншиноси марказҳои саломатии шаҳри Душанбе ширкат варзидаанд.

Чорабиниро директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» Акбар Муродзода ифтитоҳ намуда, иброз доштааст, ки пешгирии бемориҳои онкологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, дар ин ҷода пайваста аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД