Arzon march 2024
Дар Маскав боз “шикор”-и муҳоҷирон оғоз шуд!
972

Дар Русия амалиёти навбатии “Нелегал-2024” оғоз ёфта, мақомоти қудратӣ боз ба шикори муҳоҷирони меҳнатӣ сар карданд. Кормандони пулис аз сокинони маҳаллӣ хоҳиш кардаанд, ки дар бораи ҷойи зисти муҳоҷирони меҳнатӣ хабар диҳанд. Дар ин бора msk1.ru иттилоъ додааст.

“Кормандони пулис дар Люберцы амалиёти “Нелагал-2024”-ро оғоз намуданд. Муддати як ҳафта кормандони мақомоти қудратии Россия ба таври ногаҳонӣ ба нуқтаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ рафта, ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатиро тафтиш мекунанд. Амалиёти мазкур то 9-уми июн идома хоҳад ёфт”,- навиштааст манбаъ.

Пулиси вилояти Москва аз сокинони маҳаллӣ хоҳиш кардааст, ки дар бораи макони будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ маълумот диҳанд. Ҳадаф аз гузаронидани ин амалиёт ошкорсозии муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва боздошти шахсоне мебошад, ки даст ба ҷиноят задаанд.

“Агар сокинони минтақаи Люберцы дар бораи шахсоне, ки даст ба ягон ҷиноят заданӣ ҳастанд, алакай ҷиноят содир кардаанд ва ё ба таври ғайриқонунӣ, бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар кишвар кор мекунанд, маълумоте дошта бошанд, хоҳишмандем, ки фавран дар ин бора ба қисми навбатдории МУ МВД Россия «Люберецкое» хабар диҳанд”,- омадааст дар муроҷиатномаи пулис.

Чунин рейдҳо алакай дар анборҳои Wildberries ва дар иншооти сохтмонӣ гузаронида шуданд. Рӯзи 25-уми май кормандони комиссариати ҳарбӣ ҳангоми намози ҷумъа ба масҷид даромада, мардони ба намоз омадаро ба 5 автобус савор карда бурданд, то барои хизмат мувофиқ будан ё набуданашонро муайян намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД