Arzon march 2024
Дар Маскав 120 нафар аз лӯбиё заҳролуд шудаанд
1163


Як ошпази тоҷикро бо иттиҳоми заҳролудшавии оммавӣ аз ғизо дар Маскав боздошт карданд.

Аз ӯ Карим Норматов ном бурда, ошпази корхонаи истеҳсоли лӯбиёгӣ бо номи “Савон-К” гуфта шудааст.

Дар ин бора “Следком” дар телеграмаш хабар додааст. Гуфта мешавад, ки ӯ чаҳорумин нафарест, ки аз рӯи ин ҳодиса дастгир шудааст.

Карим Норматовро тибқи моддаи иҷрои кор ё хидматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, айбдор карданд. Манбаъ мегӯяд, тибқи тафтишот, Норматов бо супориши сардори воқеии ширкати «Савон-К» Владимир Шин, лӯбиёро дар зарфҳои вакуумӣ бо вайрон кардани талаботи бехатарӣ омода ва бастабандӣ кардааст.

Роспотребнадзор як рӯз пеш лӯбиёи дар вакуум басташударо манбаи сирояти ботулизм эълон намуда 172 тонна лӯбиё мусодира шудааст.

Пас аз интиқоли ғизои фармоишшуда сокинони Маскав аз нишонаҳои заҳролудшавӣ шикоят карданд. Анастасия Ракова, муовини раиси шаҳр хабар додааст, ки 121 нафар бо гумони бемории ботулизм ба табибон муроҷит кардаанд ва вазъи 55 нафари онҳо вазнин аст.

Ҳодисаҳои заҳролудшавӣ ва гирифторӣ ба ботулизм дар Нижний Новгород ва Қазон низ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар робита бо заҳролудшавии оммавӣ директори генералии “Ошхона дар ноҳия” Антон Лозин, сардори шӯъбаи сифати ширкат Елена Машкова ва роҳбари воқеии ширкати истеҳсоли лӯбиёи “САВОН-К” Владимир Шин боздошт шудаанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД