Дар арафаи Ҷашни Истиқлолият ба сари оилаи Гурезовҳо мусибати азиме омад, ки дар қалбҳои аҳли хонадон доғи ҷигарсӯз ва фаромӯшношудание ниҳод.
Падару модар, ёру бародар, хешу табор ва ҳамсояҳо бо чашмони пуроб ва дили аз ғаму ғуссаву дард реш-реш гашта аз ин хонадон якбора ду тобутро бадар бурданд. Ду тобути хунчакон аз марги фоҷиавии ду бародар, ду ҷавони ормоние, ки ҳанӯз аз сад гулашон як гулашон нашкуфта буд, гувоҳӣ медоданд...
Ин ҳодисаи нохуш шоми 8-уми сенябр дар шоҳроҳи Бохтар-Душанбе сар зад. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, садамаи нақлиётии мудҳиш тахминан соати 23:20-дақиқаи шаб дар роҳи Бохтар - Душанбе сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс С-240”, Тошев Парвизи 25-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи А.Ҷомӣ дар назди меҳмонхонаи “Бохтариён”-и шаҳри Бохтар аз ӯҳдаи идора кардани автомашина набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи боркаши тамғаи “Хино”, ки таҳти идораи Абдулмуҳиди Абдухалили 23-сола қарор дошт, бархурдааст. Дар натиҷаи ин садамаи хунин мусофирон Гурезов Меҳроҷ Музафаровичи 27- сола ва додараш Гурезов Афзалшо Музафаровичи 23-сола, ки ҳар ду сокинони ҷамоати деҳоти Ифтихори шаҳри мазкур буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Мусофири дигари автомашина Қосимов Қурбоналӣ Эмомович, соли таваллудаш 1989 ва худи ронанда Тошев Парвиз ҷароҳатҳои вазинини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.