Arzon march 2024
ДАР МАРГИ ДУХТАРАМ ҶИНҲОРО ГУНАҲГОР КАРДАНД (ҚИСМИ 2)
6427

ИДОМААШ...                        

   Сухани пеш аз марг

Бо нороҳатӣ шабро саҳар карда, ҳар дақиқа ба соат менигаристам. Гӯё, ки касе маро огоҳ мекард, ки фарзандат дар хатар аст ва соат 11:05 дақиқа буд, ки шавҳарам бо як ҳолати аҷибе аз дар даромаду гуфт:

-Раҳима, тайёр шав, Раъноро меъдааш дард карда будааст, бояд ба беморхона равем.

Ман дигар намедонам чӣ гуна омода шудам ва чӣ хел ба беморхона расидам. Вақте аз дари беморхона даромадам, садои духтарам “Очаҷон, ҷонамро даст бигир, ҷонам месӯзад, сӯхтам охир, сӯхтам” ҳамин фарёдҳои дар хобам дида, ки аз хоб дида бадтар буд, маро ба худ оварданд. Дидам, ки духтурон Раъноро зуд ба вазнинхона дароварданд ва нолаву фарёдаш беморхонаро пахш кард. Аз садои ҷонсӯзи духтарам ақламро то ҳаде аз даст додам, ки ҳатто наметавонистам пурсам, ки ба ӯ чӣ шудааст?! Шавҳарамро дигар надидам, ӯро духтурон барои овардани доруе равон карданд. Баъд аз соате сардухтур аз дастам қапида, маро ба назди Раъно даровард.

Ба фарзандам нигаристам, чунон зебо шуда буд, рӯяш аз зӯрии дард варам карда, базӯр нафас мекашид ва гулӯяш аз худ овозе пайдо карда буд. Ба худ гуфтам, ки духтарам ба бемор монанд нест, чаро ин қадар доду фарёд мекарда бошад?! Ҳамин лаҳза ба димоғам бӯйи гӯшти сӯхта расид ва нафаре аз пуштам оҳиста ба дигаре мегуфт:

-Бечора духтарак худро оташ задааст, тамоми узвҳои дарунааш сӯхтааст, Худо мададаш кунад.

Бо шунидани ин суханон чизеро дар ёд надорам, вақте ба худ омадам, шавҳарам болои сарам гириста мегуфт:

-Раҳима, ба худ биё, ин замон Раъно ба ману ту ниёз дорад!

Ман бо шавҳарам дигар гап назадам ва хомӯшона ба худ омадани Раъноро интизор шудам. Танҳо даву този Саидро бо падараш медидам ва ҳатто ба модари Саид ҳам нигоҳ накардам. Раъно ба худ омадан замон гуфт:

-Оча, об!

Ончунон шод шудам, ки Худо ӯро дубора ба ман бахшид. Лекин об аз гулӯи Раъно нагузашту аз даҳонаш рехт ва гиря карда, канда- канда бо садои базӯр шунаво гуфт:

-Очаҷон, маро бубахш ва Саидро дуои бад накун! Бароям дуо кун, ки намирам, лекин агар мурдам, духтарам Оишаро ба Саид надеҳ ва ба тарбияи худ бигир!

Ҳанӯз Раъно суханашро тамом накарда буд, ки полисҳо омаданд ва гуфтанд, ки танҳо як савол медиҳему халос. Мунтазир будам, ки Раъно азобҳояшро нақл мекунад ва дили ман низ ором мегирад. Хеле мехостам сабаби даст ба худкушӣ задани духтарамро фаҳмам.

Полис гуфт:

-Раъно, кӣ туро маҷбур кард, ки худро оташ задӣ?

-Раъно ҳамаро бо ҳасрат нигоҳ карду оҳи сарде кашида гуфт:

-Ҷинҳо.

Ман бошам, сару рӯямро кандам, ки агар ба Раъно ҷин ёр мешуд, ман ҳамчун модар инро мефамидам. Се рӯз Раъно дар беморхона оҳу фиғон мекард: “Очаҷон, ҷонамро даст бигир, ки сӯхтам” ва шаби сеюм ҷонро ба ҷонофарин таслим намуд.

Баъд аз марги Раъно огоҳ шудам, ки падари Саид ончунон инсони золиму бераҳм будааст, ки келин барои ӯ духтар нею ғулом будааст. Агар хӯроки пухтаи Раъно бенамак бошад, хӯрокро бо косааш ҷониби келин ҳаво медодааст. Ё рафту кореро хато кунад, чизе дар дасти ин мард мешудааст, ба сари келин мезадааст ва бо писаронаш ҷанҷол мебардоштааст, ки занҳоро суст намонед. Ҳамон рӯз ҳам “Садои кӯдаки шумо маро аз хоб бедор кард” гуфта, бо Саид ҷанҷол мебардорад ва домодам омада, аз лаби танӯр Раъноро кашида, ба хона мебараду ту кӯдакро нигоҳ накардӣ, ки садояш падарамро бедор кард, гуфта, ӯро мурданивор мезанад. Духтари аз ҷон сершудаи ман ҳам кӯдакро мехобонаду рафта, аз оғил бензинро гирифта, худашро оташ мезанад. Вақте ҷонаш тангӣ мекунад, кӯмакам кунед гуфта, фиғон мебардорад ва худро ба як ҷӯйборча мепартояд.

Оишаи 6-моҳаро ба ман доданд, набераам ончунон ба Раъно монанд аст, ки ман ӯро Раъно мегӯям ва домодам аз пойтахт як духтараки зебоеро ба занӣ гирифту ду писари Раъноро бо ҳамсараш гирифта, ба Русия рафт ва дигар ба хонаи падараш наомад. Ман бошам, то кунун ба саволҳоям ҷавоб намеёбам ва то рӯзи марг худро бахшида наметавонам, ки Раъноро бояд аз хурдӣ пойбанди зиндагӣ намекардаму ба шавҳарам зиддият нишон медодам. Бояд қарзи модариямро барои фарзандам адо мекардам. Шояд имрӯз ҷинҳо гунаҳкор намешуданд.

                                                                                             Хандазеби.......

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД