Formula september
ДАР МАРГИ ДУХТАРАМ ҶИНҲОРО ГУНАҲГОР КАРДАНД
7807

 

Хеле мехоҳам, ки азобу ранҷи ҷудоӣ аз духтари ягонаамро дар хонаи дил пинҳон созам, вале зӯрии дард маҷбурам месозад модарони дигарро аз хатогиҳои худ огоҳ намоям, то нисбати духтаракони худ зулм накунанд.

Ман дар оилае келин шудам, ки пушт ба пушт эшонзода буданд ва шавҳарам вазифадор буд, мисоли бародарони худ духтари ягонаамонро ба писаре хонадор кунад, ки падараш эшон бошад. Вақте ки духтарам Раъно синфи нуҳумро хатм кард, шавҳарам дигар ӯро ба мактаб рафтан намонд ва таъкид намуд, ки “То синни 18-солагӣ ба модарат дар корҳои хона ёрӣ расон, баъд туро бо писари дӯстам оиладор мекунам”.

Раъно ҳамеша дар муқобили сухани падар хомӯш буд, чунки ӯро аз хурдӣ тавре тарбия карда будем, ки интихоби шавҳар дар дасти волидон асту духтар ҳуқуқи интихоб надорад. Ҳанӯз духтарам 17 сол дошт, ки дӯсти шавҳарам бо ҳамсару писараш ба хостгории ӯ омаданд. Шавҳарам аз касе чизе напурсида, “Худо бахташонро диҳад” гӯён, онҳоро номзад карданд.

                                           Арӯси 17-сола

Намедонам тарс ё эҳтироми падар буд ва ё зебогии домодшаванда духтарамро мафтун намуда буд, ки Раъно ҳамеша хомӯш мегашт. Баъди чанде тарафи домод ба шавҳарам гуфтанд, ки зебогии Раъно писарашонро мафтун кардааст ва ҳар чӣ зудтар оиладор шудан мехоҳад. Қудоҳо маслиҳат карданд, ки то ба синни 18-солагӣ расидани Раъно онҳоро пинҳонӣ никоҳ кунанд ва домод ба хонаи мо омада, рафтан гирад. Ман ба шавҳарам гуфтам:

-Охир, Раъно ҳанӯз барои зан ва ё модар шудан хело хурд аст.

Шавҳарам дар ҷавоб гуфт:

-Агар сад соли дигар истад, имрӯз набошад ҳам, рӯзи дигар ӯро ба шавҳар медиҳем, вале ин хел домоду ин хел оила дигар барояш пайдо намекунем. Хубтараш зан ба кори мард ҳамроҳ нашавад.

Ҳамин тавр, даҳони ман ҳам баста шуд. Духтарамро ба домодам- Саид, ки ҷавони зебое буду аз Раъно 8 сол калон буд, пинҳонӣ никоҳ карданд. Саид ҳафтае як маротиба ба хонаамон меомаду субҳ боз ба хонаашон мерафт. Дидам, ки духтарам ончунон дилбастаи Саид шудааст, ки агар мавзуъро худам иваз накунам, аз субҳ то шом таърифи Саидро мекунад. Ман ки модар будам, аз хушбахтии фарзандам хурсанд шуда, фикр мекардам, ки беҳуда ин қадар ғам хӯрда будаам. Саид нисбати ману шавҳарам эҳтироми хосае дошт ва мо ӯро ҳамчун фарзанди худ қабул карда будем. Баъзан ба шавҳарам мегуфтам:

-Духтар доштан хуб будааст, ки ба хотираш боз соҳиби писар шудем.

             Хоби даҳшатнок

Вақте Раъно ба 18 даромада, либоси арӯсӣ пушид, аллакай дар батнаш кӯдаки семоҳа дошт. Ӯро ба хонаи шавҳараш бурда мондаму аз эҳтироми қудоҳо хело шод шуда, ба хона баргаштам.

Раъно фарзанди аввалро писар таваллуд кард, ӯро дигар дар як сол як маротиба ба хонаам меоварданд. Бо андешаи он ки модар шуда, ташвишаш зиёд шудааст ва дигар фурсати бо мо суҳбат кардан намеёбад, ба дурияш аҳамият намедодам.

Агар аз зиндагияш пурсон мешудам, мегуфт:

-Очаҷон, муҳим шавҳарам Саид инсони хуб аст, дӯстам медорад, дӯсташ медорам, дигар ҳеҷ мушкилие дар чашмам наметобад.

Ҳамин тавр, соҳиби се набера шудам, лекин ҳар боре, ки Раъно ба хонаам меомад, аз пештара заифтару дилмондатар буд. Боре ҳатто шавҳарам хост аз забони Раъно чизе шунавад, лекин чун ман муваффақ нашуд. Ҳамин хел рӯзҳо мегузаштанд. Саид аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз шаҳри Маскав баргашт ва хурсанд шудам, ки духтарам дигар танҳо нест, вале худи ҳамон шаб хоби даҳшатноке дидам. Дар хобам бо Раъно дар як пайроҳае равон будему духтарам дар тан кафан дошт. Баъзе ҷойҳои кафан сӯзонида шуда, гӯштҳои сӯхтаи баданаш аз кафани порашуда намоён буд ва ҷигарбандам сӯям фарёд зада мегуфт:

-Очаҷон, ҷонамро даст бигир, ки тамоми баданам месӯзад!

Аз фарёди баланди духтарам аз хоб бедор шуда, то субҳ гиря кардаму рӯи ҳавлӣ роҳ гаштам. Ҳамин ки субҳ шуд, ба қудоям занг зада, гуфтам, ки бемор шудааму мехоҳам Раъноро бубинам ва худи ҳамон бегоҳ Раъно бо шавҳараш ба хабаргириям омаданд. Духтарамро дида, дилам ором гирифт. Баъд аз гуселонидани домодам каме хобам бурдааст. Раъно низ сарашро ба сари ман монда, хобаш бурдааст ва бедор шуда, дидам, ки болиштамон тар шудааст. Пай бурдам, ки духтарам сахт гиря кардааст. Бо набераҳоям машғул шудаму дигар Раъноро бедор накардам ва ҳамин тавр сабаби гиристанашро нафаҳмидам. Рӯзи дигар Саид омада, бо қавоқи овезон Раъноро бо фарзандонаш бурдан хост. Духтарам хомӯшона ба наздам омаду гуфт:

-Очаҷон, ба Саид бигӯ, ҷавобамро диҳад! Ман дигар ба он хона рафтан намехоҳам!

Аз шунидани ин суханон дар ҷоям шах шуда, гуфтам:                                            -Барои чӣ, сабабашро гуфта метавонӣ?

-Очаҷон, қиссааш дароз аст, илтиҷо мекунам, маро дигар ба он хона равон накун. Маро духтар нею саги дари хонаат бигир, лекин равонам накун!

-Раъно, охир чӣ шудааст? Ман наметавонам кӯдакони туро бе падар бубинам! Ин мушкилиҳо гузаранда ҳастанд, ақлатро ба сарат гирифта, дар фикри зиндагият шав!

-Очаҷон, ту маро боз ба хонаи шавҳарам равон мекунӣ?

-Бале.

-Ин хел, ки бошад, шумо дигар рӯи маро намебинед!

Раъно бо ғазаб рафта, дар мошини шавҳараш нишасту духтари 6-моҳаашро аз дастам кашида гирифта, дари мошинро сахт ба рӯям пушид ва дигар ҷониби ман нигоҳ накард. Духтарам рафт, лекин таги дилам сиёҳ буд.

ИДОМААШРО ФАРДО ШАБ СОАИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД