Sebiston new 2024 october
ДАР МАРГИ АЗИЗА ГУНАҲКОРАМ
15.03.2021
ОТИФ
5068

 

Дар оила фарзанди нахустин будам. Падарам аз ҷанг бе пой баргашту саробонии оила ба дӯши ман афтода буд. Ҳамсинфону ҳамсолонам ба хондан рафтанду соҳиби маълумот шуданд.

Ман дар деҳа мондам, ҳарчанд саводу дониши хуб доштам, вале шароит набуд. Зиндагиамон хуб буд. Ману модарам дар колхоз кор мекардем. Маро ҳисобчии бригадир монда буданд. Ҳамон солҳо, оташи ишқ бар дили ман афтода, духтари раиси колхозро дӯст медоштам. Ӯ ҳам маро дӯст медошт. Пинҳонӣ мулоқот мекардему роз мегуфтем. Риштаи муҳаббати мо торафт мустаҳкам мешуд, гумон мекардем, ки Худо моро барои ҳамдигар офаридааст.

Қиссаи муҳаббати мо вирди забонҳо гашта буд. Мо ҳар ду интизори он рӯзи фархунда ва саиде будем, ки ба висоли ҳамдигар расем. Аммо рӯзгор бар мо баргашта буд.

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Маро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд ва бо ҳамин роҳ маҷбурӣ аз ӯ ҷудо карданд. Азизаи ман мактуб менавишту интизор шуданашро хамеша таъкид менамуд. Қариб ҳар ҳафта ман аз ӯ номае саршор аз меҳру умед мегирифтам. Он номаҳоро мехондаму беихтиёр гиря мекардам: дурӣ, ҷудоӣ, фироқ хеле мушкил буд. Ҳар рӯзро бо ёди ишқи ӯ, бо хаёли ӯ паси сар мекардам. Ҳамагӣ якуним моҳ монда буд, ки бояд хизматро адо мекардам, боз номаи ӯ омад, дилдодаам менавишт, ки ӯро ба дигар кас фотиҳа кардаанд… Аз ишқи покамон қариб ҳамаи ротаи мо хабар дошт. Зеро аз ҳама бештар ба ман мактуб меомад, мактуб Азизаи азизам. Мо ҳамроҳи чанд нафар ҳамхизматон ба пеши пои командир афтодем, ки маро пеш аз мӯҳлат ҷавоб диҳад. Баъди як ҳафта маро ҷавоб доданд.

БОЗГАШТ

Бо чашми пурнам ва дили пурғам дохили ҳавлӣ шудам. Модарам ашки чашмонамро дида, намедонист, ки фарзандаш аз ғусса, аз андӯҳи дили озордида мегиряд. Ғунчаи умеду меҳру вафои ман ношукуфта ба хок яксон шуда буд. Шабонгоҳ баъди гуселонидани меҳмонону хешовандон, беқарору саргаранг, зери садаи ҳавлӣ, ки ҷои хоби ману бародарам буд, чӣ кор карданамро намедонистам. Мо бо бародарам то дергоҳ сӯҳбат кардем. Ӯ маро аз навигариҳову воқеаҳои рухдода хабардор месохт. Вале аз Азизаи ман чизе намегуфт. Ҳамин тавр, соат қариб 12 буд, ки садои кушода шудани дарвоза баромад.

Ҳанӯз ман ба ёди Азиза будаму чӣ чора андешиданамро фикр мекардам. Ба он сӯ назар кардаму дар рӯшании моҳи пурраи тобистон дидам, ки сиёҳие ҷониби мо меояд. Ҳангоме, ки наздиктар омад, ӯро шинохтам. Азиза буд! Азиза!

-Одина! –гӯён, худро ба оғӯши ман партофт. Ман аз шодӣ худро гум кардам. Аввалин бор аз лабони шакаринаш бӯсидам. Ва… ин бӯсаи аввалину охирини ман дар тамоми ҳаётам буд! Ба садоқат ва вафодории зан ҳамон шаб тан додам. Агар зан дӯст медоштааст, аз ҳеҷ чиз наметарсидааст. “Одина, ман бе ту зиндагӣ карда наметавонам, бе ту марг авлотар аст”,- ҳамвора такрор мекард ӯ. Ман худро гум карда, лол монда будам. Чӣ гуфтанамро намедонистам. Билохира, худро ба даст гирифта:

-Худи пагоҳ назди падарат рафта, ҳамаашро мефаҳмонам- гуфтам.

-Беҳуда меравӣ, ман ҳазор бор фаҳмондам, гиря кардам, нола кардам, бефоида. Беҳтараш ман аз ин ҷо, аз ин хона ҳеҷ ҷо намеравам, -баногаҳ хулоса баровард ӯ.

-Беандешагӣ накун, ягон роҳашро меёбем. Падарат одами чор кас мешинохтагӣ, обрӯ дорад, ном дорад,-тасалло медодам ӯро.

-Ту тарсончак, аз дастат ҳеҷ чиз намеояд,-ғазаболуду гиряомез гуфт Азиза.

Қарибии субҳ ман ўро гуселонидам.

МАКТУБИ ОХИРИН

Пагоҳии дигар боз аскарбинҳо меомаданду ман ба хонаи онҳо рафта натавонистам. Қариби чошт буд, ки духтарчае як коғазеро дар шоҳидии меҳмонҳо ба ман дароз карду зуд дур шуд. Номае буд, ки дар он як сатр ҷой гирифта буд: “Одина, дар он дунё вомехӯрем!"

Ман чӣ маъно доштани ин навиштаро он вақт нафаҳмидам. Вақте ки хабари ғайб задани Азиза паҳн шуд, мақсадашро фаҳмидам. Лек хеле дер шуда буд. Пагоҳии дигар ҳамаи аҳли деҳ ба по хест. Аз ҳафтсола то ҳафтодсола Азизаро меҷустанд.

ДАРЁИ ОДАМХӮР

Лаб-лаби дарё замин кафида буду одам баромада буд. Ман девонавор худро ба дарё партофта, ўро меҷустам. Баъди кофтукови бомашаққат қариби шом ҷасади варамкардаи ўро ёфтем. Ман ҷасади меҳрубонам, вафодорамро рӯи даст гирифта меомадаму хурду калон ба ҳоли ӯву ба ҳоли ман мегиристанд.

Эҳ, фалаки бераҳм, он рӯз чӣ рӯзи наҳсе буд, чӣ рӯзи сахте буд! Барои ман шуда, Азизаам худашро нобуд гардонд ва як умр маро ҳам бадбахт гардонид. Ҳангоме ки ҷасади ӯро ба хоки хунук мемонданд, ман худро ба гӯр партофтам.

"Маро ҳам бо Азиза гӯронед,-дод мезадам,-Охир, оғӯши гӯр не, оғӯши гарми ман ҷои ӯ буд!" Маро беҳушу беёд ба хона оварданд. Шабу рӯз мегиристам. Ба девонае монанд шуда будам, Азиза ҳар шаб ба хобам медаромад, бо ман ҳарф мезад. Муддати се сол аз бистари ғам хеста натавонистам, савганд ёд кардам, ки агар зинда монам ҳам, ба хотири он меҳрубоне, ки худро барои ман шуда қурбон кард, муҷаррад мемонам, зан намегирам.

Имсол ба синни 70 қадам мегузорам. Танҳову бе касам. Ба хотири муҳаббати поки Азиза бо касе издивоҷ накардам. Ҳанӯз ҳам Азизаро хоб мебинам ва ҳанӯз ҳам худро дар назди рӯҳи покаш гунаҳкор меҳисобам.

Ҳайдар

Таснифи Отиф

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД