Arzon march 2024
Дар Малайзия ҳафтаи синамои тоҷик баргузор мегардад
11.03.2025
Oila.tj
466

Соли равон бо мақсади тарғибу муаррифии фарҳангу санъат ва тамаддуни миллати тоҷик, МД "Тоҷикфилм" дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ҳафтаи кинои тоҷикро баргузор менамояд.

Бино ба иттилои МД “Тоҷикфилм”, барои баргузории ҳафтаи синамои тоҷик дар як қатор кишварҳои ҳавзаи масъули сафорат, аз ҷумла Малайзия, Индонезия ва Тайланд филмҳои истеҳсоли ватанӣ тибқи тартиб бо зерматни англисӣ пешниҳод карда мешавад.

- Бояд гуфт, ки 7-уми октябри соли 2024 ҳангоми баргузории чорабинии фарҳангӣ ба хотири муаррифии Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ дар китобхонаи ҷамъиятии Селангори Малайзия (PPAS) филми «Рустам ва Суҳроб» ба намоиш гузошта шуда буд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД