1xbet
Дар мактабҳо дарси зеҳни сунъӣ ҷорӣ карда мешавад
141

Шуруъ аз 1-уми сентябри соли 2025 дар зиёда аз 100 мактаби кишварамон дарсҳои иловагии зеҳни сунъӣ - “Искуственний интелект” ҷорӣ карда мешаванд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар роҳандозӣ шудааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки дарси зеҳни сунъӣ ба рӯйхати дарсҳои ҳатмӣ ворид карда нашудааст, вале хонандагони синфҳои 10 ва 11 имкон доранд ҳафтае як маротиба ба таври ройгон нозукиҳои зеҳни сунъиро дар мактаб омӯзанд.

Ин қадами нахустин буда, минбаъд ба барномаи мактабӣ боз як фанни нави дарсӣ - “Асосҳои зеҳни сунъӣ” ворид карда мешавад.

Аз 100 мактабе, ки гузаронидани дарсҳои иловагии “Зеҳни сунъӣ” ба нақша гирифта шудааст, 60 мактаб дар пойтахт ва 40 мактаб дар шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ қарор доранд.

Дарсҳои зеҳни сунъӣ дар мактабҳои дорои шароити хуби таълимӣ, синфхонаҳои бо тахтаҳои интерактивӣ, компютерҳои замонавӣ ва суръати баланди интернет таъмин ва сатҳи дониши хонандагонашон аз фанни математика хуб роҳандозӣ карда мешаванд.

Тибқи барномаи “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040” дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон то соли 2028 бояд ҳатман таълими фанни “Зеҳни сунъӣ” ба роҳ монда шуда, донишу маърифати ҷавонон дар ин ҷода баланд бардошта шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД