Кормандони милитсия мардеро бо гумони авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба шахси дигар боздошт намудаанд. Тавре дар хабар гуфта шудааст, боздоштшуда Х. Раҳимов марди дигарро бо қайчӣ зада, захмӣ кардааст.
Ҳодиса рӯзи 10-уми сентябр дар маҳаллаи “Сомон”-и шаҳри Душанбе рӯй дода, байни ду мард дар яке аз мағозаҳои ин маҳал ҷангу ҷанҷол сар задааст. Дар рафти ин моҷаро Х. Раҳимови 37-сола ба шиками Тимур Бадалови 34-сола бо қайчӣ зада, ӯро захмӣ намудааст.
Нисбати боздоштшуда барои авбошӣ бо қисми 3-и моддаи 237-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.