arzon replenishment
Дар Краснодар бо патент кор кардани муҳоҷирони меҳнатиро манъ карданд
816


Муҳоҷирони меҳнатӣ дигар наметавонанд бо патент дар минтақаи Краснодар бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд.

Қарори манъи қабули шаҳрвандони хориҷӣ бо патент ба кор дар Краснодар аллакай аз 21-январ қувваи қонунӣ пайдо карда, то охири соли 2024 амал хоҳад кард.

Муҳоҷирони меҳнатӣ пас аз 21-январ дигар наметавонанд бо патент дар Краснодар дар корхонаҳои саноатӣ, конҳо, корхонаҳои хурду бузурги коркарди канданиҳои фоиданок, заводҳои мошинбарорӣ, бахши тиҷорат ва ҳатто хоҷагии қишлоқ кор кунанд. Корфармоёне, ки хилофи талаботи мазкур амал намуда, шаҳрвандони хориҷиро ба кор мегиранд, ба маблағи як миллион рубл ҷарима баста мешаванд.

Ҳокими вилоят дар сӯҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки ҳадаф аз манъи қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба кор бо патент дар он аст, ки кадрҳои маҳаллӣ бо ҷойҳои корӣ кор таъмин карда шуда, музди меҳнат баланд бардошта шавад.

“Бекорӣ дар Краснодар ба мавзӯи доғи рӯз табдил ёфтааст ва сабабаш набудани ҷойҳои корӣ не, балки кам будани музди меҳнат мебошад. Даромаднокӣ аз тамоми соҳаҳои истеҳсолот хуб аст, вале корфармоён шаҳрвандони хориҷиро бо музди ночиз ба кор гирифта, боқимондаи пулро ба ҷайби худашон мезананд. Ба хотири маоши бештар кадрҳои маҳаллӣ маҷбур мешаванд, ки ба дигар минтақаҳо коркобӣ раванд. Вақти он расидааст, ки ба ин муфтхӯрӣ хотима гузорем. Бигзор музди меҳнатро баланд бардоранд ва кадрҳои маҳаллиро ба кор бигиранд”-гуфтааст губернатори Краснодар Вениамин Кондратьев

Дар Краснодар дар бахши сохтмон имрӯз норасоии шадиди қувваи корӣ эҳсос мешавад. Аз ҳамин хотир ба ширкатҳои хориҷӣ иҷозат дода шудааст, ки то 50%-и коргаронашонро аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор бигиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД