Arzon march 2024
Дар Кӯлобу Восеъ варзишгоҳ ва корхонаҳои нав кушода шуданд
10.04.2025
Фирӯза
298

Дирӯз, 9-апрел дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода майдончаи нави варзишӣ ва боз як корхонаи саноатӣ кушода шуд.

Корхонаи истеҳсоли сангу шағал ва бетон дар деҳаи Обшорони Кӯлоб аз ҷониби ҶДММ “Рақиб-Р” бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 200 метри мукааб сангу шағал ва 500 мукааб бетонро ташкил медиҳад. Бо шарофати кушода шудани корхонаи нав 20 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кор шуданд.

Ҳамзамон дар кӯчаи 50-солагии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири мамлакат майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Ин иншооти варзишӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Ҳасан Зарифзода бунёд гардидааст.

Дар рафти сафари сарвазири мамлакат ба шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб ҳамчунин дар ноҳияи Восеъ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Шодӣ Султонов корхонаи нави истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи мазкур бинои иловагии  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 73 мавриди истифода қарор дода шудааст, ки барои  480 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад. Дар ин ноҳия то охири соли равон боз 4 муассисаи нави таълимӣ бунёд хоҳанд ёфт.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД