Дар шаҳри Кӯлоб аз бағоҷи автомашинаи шахсии тамғаи BMW 110 ҳазор сомонӣ дуздида шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса се нафар, аз ҷумла ду зан ва як ноболиғ гумонбар дониста мешаванд.
Тавре аз мақомоти корҳои дохилӣ хабар медиҳанд, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб сокини маҳаллӣ Мирзоев Нуралӣ, соли таваллудаш 1995, бо ариза муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи ӯ, шахсони номаълум аз бағоҷи автомашинаи шахсиаш маблағи 110 ҳазор сомониро рабудаанд.
Ҳодиса рӯзи 8 -уми октябри соли 2026 рух додааст. Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ се нафар, аз ҷумла ду зани соли таваллудашон 2004 ва як ноболиғи соли таваллудаш 2011, дар содир намудани ин ҷиноят гумонбар дониста шудаанд.
Айни замон аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дошта, ҷузъиёти дигари он муайян карда мешавад.