formula feb 2025
Дар Кӯлоб ҳаҷми зарари сел муайян карда мешавад
17.03.2025
Oila.tj
260

Кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар гурӯҳи навоҳии Кӯлоб аҳолии аз офати табиӣ зарардидаро ба маконҳои амн интиқол додаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, 15-уми марти соли 2025 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар натиҷаи боришоти шадид, ки тақрибан аз соати 00:00 то 02:30 ба қайд гирифта шудааст, сел аз нишеби кӯҳи воқеъ дар наздикии деҳаи Сангпар ба шоҳроҳи Кӯлоб-Муъминобод сарозер шудааст. Дар натиҷа заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаҳои Офтоблиқо ва Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ қисман зери об монда, як қисми заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллаҳои дар ҳудуди шаҳр воқеъбуда, аз ҷумла маҳаллаҳои ба номи Ҳувайдуллоев, Умари Хайём ва Чармгарон зери об мондаанд.

Барои тоза кардани роҳи деҳаҳои Офтоблиқо ва Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ аз техникаи вазнини муҳандисӣ истифода бурда мешавад.

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияҳои Кӯлоб бо техникаи махсус ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуда, барои кашидани об аз қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва тоза кардани ҷӯйбору заҳбурҳо аз оқибатҳои офати табиӣ талош мекунанд.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Кӯлоб дар айни замон ҳаҷми зарари расидаро мушаххас мекунад.

Гуфта мешавад, ки хушбахтона, офати табиӣ талафоти ҷонӣ ва харобиҳои дигар надоштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД