Gazprom july 2025
Дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
84

Бахшида ба Рӯзи маъюбон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятии маъюбон ва хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди китобхона ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш иброз шуд, ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои маъюбон дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шуда, сол то сол шароити иқтисодиву иҷтимоии онҳо беҳтар мегардад.

«Аз ҷумла, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд амал мекунад, ки дар он баҳри мутолиаи онҳо тамоми шароити муосир фароҳам оварда шудааст»,- хотиррасон гардид дар ҷамъомад.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2-юми августи соли 2011, ҳамасола дар ҷумҳурӣ 8-уми июл ҳамчун Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад. Мақсад аз эълон доштани ин рӯз ва ба таври анъанавӣ таҷлил кардани он, пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷамъият, ташкилоту идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои маъюбӣ буда, барои таъмини кафолатҳои иҷтимоии шахсони маъюб ва шароити арзандаи зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД