Arzon march 2024
ДАР ХУДКУШИИ ЗАНҲОИ ТОҶИК КӢ ГУНАҲГОР АСТ?
08.09.2020
ОИЛА
2279

Ду ҳафта қабл Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар дод, ки як сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Ғарми ноҳияи Рашт бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб партофтааст.

Ҷузъиёти ҳодиса шарҳ дода нашудааст, танҳо ишора шуда буд, ки тафтишот пас аз пайдо шудани ҷасади фарзанди охирини зан оғоз мешавад. Ҷасади модар ва ду кӯдаки дигар аллакай пайдо шудааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон зан ҳамроҳи фарзандон қасди худкушӣ мекунад. Дар тӯли панҷ соли охир ҳадди аққал ҳафт чунин ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Занон аксар вақт сабабҳои ба ин кор даст заданашонро бо худ мебаранд. Аммо ҷомеа ба ҷои кӯшиши фаҳмидани сабабҳо ва хулосабарорӣ барои пешгирии ин ҳодисаҳо дар оянда, онҳоро танҳо маҳкум мекунанд.

«Агар мушкилот мебуд, чаро ин қадар фарзанд таваллуд кард, то баъд онҳоро ба қатл расонад?! Ӯ кӯдакони хурдсол ва қариб ҳам синну солро кушт. Ин занҳои мо кай бошуурона мекарда бошанд. Мантиқи онҳо “Худо медиҳад, таваллуд мекунам” аст. Аммо дар баробари ин ҳама, бояд масъулият дар назди кӯдакон низ бошад. Кӯдакони бадбахт!”- навиштааст яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ.

«Лаънат ба чунин зан. Ҳайвони беақл. Мехостӣ бимирӣ, худатро мекуштӣ, ин ҷо кӯдакон чӣ айбдоранд? Ҳайфи кӯдакон”, – менависад дигаре.

Пас аз чанд рӯзи баҳсҳои пурталотум ва суханҳои қабеҳ ҳама ҳодисаро фаромӯш мекунанд ва касе нест, ки барои чӣ ба ин амал даст задани занро хулоса кунад.

«Ӯ наҷоти худро дар марг дид»

Дар Тоҷикистон, ҳатто дар шаҳрҳои калон, муроҷиат кардан ба кӯмаки равонӣ одат нашудааст, чӣ расад ба деҳот. Он ҷо туро девона мебароранд.

Аз ҳама ҳолатҳои худкушии занон бо кӯдаконаш, танҳо Парвина Абдуллоева зинда монд. Он вақт вай 30-сола буд.

Вай худро бо се фарзандаш 4 июли соли 2015 ба канали Ҳисор партофт. Занро раҳгузарон наҷот доданд, вале кӯдакон ғарқ шуданд.

На дар вақти мурофиа ва на пас аз он амали анҷомдодаи Парвина шарҳи дақиқ дода нашуд.

Дар як барномаи телевизионие, ки ВКД барои телевизиони Тоҷикистон омода кардааст, Парвина гуфтааст, ки ӯ аввал кӯдаконро ба об андохт ва сипас худро. Тафсилоти дигаре нест.

Парвина Абдуллоеваро дар куштор гунаҳгор дониста, ба мӯҳлати 18 соли зиндон маҳкум карданд. Дар тӯли идомаи мурофиа ва пас аз мурофиаи додгоҳӣ Парвина кӯмаки равонӣ нагирифт. Истисно аз лаҳзаи ягонае, ки маҳкумшуда чунин имкониятро дошт, ташхиси судӣ буд: равоншинос бо ӯ як маротиба вохӯрда, ҳукм баровард – Парвина солим аст.

Чӣ хеле адвокати Абдуллоева, Матлуба Бобоҷонова нақл кард, табъи психологии Парвина меланхолик(одами дилтанг, – аз идора) аст, махсус ҳамон намуд, ки ҳангоми дучор шудан ба мушкилӣ ранҷурии зиёд ва мардумгурезиро ба вуҷуд меорад.

Бино ба нақли ӯ,  дар он рӯзи наҳс, Парвина шавҳари худро дар хиёнат бо ҷияни худ гумонбар донист. Барои диққати худро ба ҷои дигар гирифтан, телефонро хомӯш карда, ҳамроҳи фарзандонаш барои сайру гашт ба пойтахт рафт. Вай ба нишони эътироз аз сафари худ ҳеҷ касро дар ҷараён нагузошт.

Аммо бегоҳ, вақте ба хона баргаштанӣ шуд, телефонашро гирон кард ва аз шавҳараш паём гирифт. “Ту куҷо гум шудӣ, модарат сактаи мағзӣ кардааст”. Ин паём дурӯғ буд, аммо барои қабули қарор вазнин буд.

«Вай аллакай дар ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор дошт. Парвинаро андешаи он ки вақте шавҳараш ӯро тарк кунад, ба чӣ кор машғул мешавад, зеро соҳиби ягон касб набуд азоб медод. Бо гирифтани чунин паём ӯ фикр кард, ки акнун дар сактаи модар низ гунаҳгор аст. Ҳамаи ин дар якҷоягӣ фишор меовард ва ӯ наҷотро дар марг дид», – мегӯяд адвокат.

Дар ҷараёни мурофиа Парвина ба ҳама саволҳо ё посух намедод, ё бо ишора сар меҷунбонид. Ӯ кӯшиши худро сафед кардан ё айбдор намудани шавҳарашро  намекард.

Тарс аз маҳкумият

Ҳанӯз соли 2013 коршиносон бо дастгирии Донишгоҳи Колумбия дар мавзӯи “Паҳншавӣ ва динамикаи худкушӣ дар байни кӯдакон ва ҷавонон дар вилояти Суғди Тоҷикистон” таҳқиқот гузаронида буданд.

Тадқиқот нишон дод, ки дар вилояти Суғд оилаҳое, ки дар онҳо рафтори худкушӣ дида мешавад, барои кӯмак муроҷиат намекунанд. Гарчанде ки айни замон имкони дахолати муваффақ вуҷуд дорад. Коршиносон тахмин мекунанд, ки ин ба тарс аз “маҳкумияти оммавӣ” ва “таҳримҳои ҷазодиҳанда” алоқаманд аст.

“Оилаҳое, ки дар онҳо кӯдак ба худкушӣ майл мекунад, аз тарси таҳқиқи додситонӣ ё таҳрик додан аз муроҷиат худдорӣ мекунанд”, – гуфта шудааст дар таҳқиқот.

Коршиносон дар тадқиқот афзоиши худкушии наврасон, махсусан духтаронро қайд кардаанд. Интизор мерафт, ки натиҷаҳои таҳқиқот ба таҳияи барномаҳои самарабахши пешгирии худкушӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз барномаҳои дастгирии психологӣ мусоидат кунад.

Ба гуфтаи Зебо Шарифова, директори Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон, ангезаи рафтори худкушӣ дар аксари занон ҳамсари онҳост.

«Занҳое, ки вақтҳои охир қасди худкушӣ кардаанд, вале хешовандон наҷоташон доданд, мегӯянд, ки шавҳаронашон мехостанд онҳоро тарк кунанд. Онҳо метарсиданд, ки бе шавҳарашон наметавонанд зиндагӣ кунанд ва ба ҳама нолозим мешаванд”,-мегӯяд Шарипова.

Ба гуфтаи вай, занон намедонанд, ки дар доираи қонунгузорӣ метавонанд ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунанд ва ташкилотҳое ҳастанд, ки ба онҳо дар ин ҷода кӯмак кунанд.

Духтарон барои камолоти психологӣ вақт надоранд

Яке аз сабабҳо, камолоти психологӣ надоштани духтарон аст. Сухан дар бораи норасидагии шахсият аст, ки дар натиҷаи таъхир дар рушд дар соҳаҳои эмотсионалӣ ва иродаӣ дар натиҷаи таълим ба вуҷуд омадааст.

Ба гуфтаи равоншинос Наргис Тоймастова, дар оилаҳои суннатии тоҷик духтарон, одатан, ҳуқуқи овоздиҳӣ надоранд: қарорро барои онҳо волидонашон қабул мекунанд, ҳамонҳое, ки духтаронро барвақт ба шавҳар медиҳанд.

«Онҳо воқеан аз як духтарчаи хурдсол ба зани калонсоли оила табдил меёбанд. Дар онҳо барои “калон шудан” вақт намемонад. Ҳаққи масъулият барои ҳаёти худ ва ҳуқуқи интихоби беҳтарин роҳи ҳалро дар зиндагӣ надоранд. Ҳамаи ин омилҳо онҳоро, то ҷое мерасонанд, ки наметавонанд бо ҳолатҳои стрессӣ мубориза баранд, – мегӯяд Тоймастова.

Ба ақидаи равоншинос, ба ҳама ҳолат инчунин муҳити атроф таъсир мерасонад, ки инсонро ҳамчун як шахсият нобуд мекунад. Муқоиса бо дигарон, суханони таҳқиромез ва пастзананда дар бораи духтар, рафтори ношоистаи волидайн, беқурбшавии нақш ва мавқеи зан дар оила ва ҷомеа – ин ҳама сабабҳое мебошанд, ки барои рушди шахсияти дорои ба худ нобовар ва вобастаи андешаи дигарон, ё  “ман”- худро надошта монеа мешавад.

«Аксар вақт зане, ки дар чунин ҳолат қарор дорад, бовар дорад, ки ба ӯ ҳеҷ кас лозим нест ва касе ӯро дӯст намедорад. Аз ин ҷо маъно надоштани зиндагӣ маншаъ мегирад. Ҳар як кӯшиш бо анҷоми фоҷиабор қиссаи худро дорад. Аксар вақт занон бо фарзандони худ даст ба худкушӣ мезананд, зеро онҳо мутмаинанд, ки агар онҳо набошанд, касе кӯдаконашонро нигоҳубин намекунад», – мегӯяд Тоймастова.

Ба гуфтаи равоншинос, вақте ки зан дар ҳолати стресси доимӣ қарор дорад, на қувва, на нерӯи амал, фикр кардан дар бораи чизе, ки ба вай барои аз ин вазъ баромадан кӯмак кунад надорад.

«Мо ҳақи маҳкум кардани шахсони қасди худкушӣ кардаро надорем. Онҳое, ки дар арафаи худкушӣ қарор доранд, набояд маҳкум карда шаванд, балки кӯшиш кунед, ки ба онҳо тавассути ҳалли мушкилоти мавҷуда (ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва ғайра) кӯмак расонед. Агар имкон бошад, барои пешгирии ин кор равоншиносро ҷалб кунед. Омӯзиши саводнокии психологӣ (психогигиена) -и аҳолӣ, хусусан кӯдакон ва ҷавонон, барои пешгирии чунин амалҳо мусоидат хоҳад кард», – мегӯяд равоншинос.

 МАНБАЪ: ЁР.ТҶ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД